Июн 11, 2017 08:57 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори Намоишгоҳи байналмилалии “Остона ЭКСПО – 2017”

Намоишгоҳи байналмилалии “Expo 2017” дар шаҳри Остона- пойтахти Қазоқистон оғоз ба кор кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон аз шаҳри Остона, дар Намоишгоҳи байналмилалии “Expo 2017” бо мавзӯи “Энержии оянда”, 150 кишвар ва 20 созмони байналмилалӣ охирин дастовардҳои худ дар ҳавзаи энержиро ба намоиш гузоштанд.

Мизбонӣ ва ҳузури 16 раисиҷумҳур дар маросими ифтитоҳии Намоишгоҳи байналмилалии “Expo 2017” -и Остона, аҳамияти ин намоишгоҳро афзоиш додааст.

Мизбонии “Expo 2017” барои Қазоқистон, ки барои аввалин бор як кишвари Осиёи Марказӣ ӯҳдадори он мешавад, як миллиарду сесад миллион доллар ҳазина доштааст ва ин дар ҳолест, ки ин кишвар аз чаҳор соли гузашта то кунун дар буҳрони иқтисодӣ басар мебарад.

Намоишгоҳи байналмилалии “Expo 2017” аз июн то сентябр идома дорад ва пешбинӣ мешавад, панҷ миллион нафар аз ин намоишгоҳ боздид кунанд, то кунун як миллион билет барои боздид аз ин намоишгоҳ фурӯхта шудааст.