Июн 29, 2017 17:52 Asia/Dushanbe
  • Судури ҳукми омилони ҳамлаи террористии сафорати Чин дар Бишкек

Омилони ҳамлаи террористӣ ба сафорати Чин дар Бишкек, бо ҳукми Додгоҳи олии Қирғизистон ба 10 ва 18 сол зиндон маҳкум шуданд.

     Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Додгоҳи олии Қирғизистон бо судури ҳукме, омилони ҳамлаи террористии соли гузашта ба сафорати Чин дар Бишкекро ба 10 то 18 маҳкум кард.

   Бар асоси гузориши ин додгоҳ, Ҳуснуддин Исмоилов яке аз омилони ин иқдоми террористӣ ба 18 сол ҳабс ва мусодираи амвол маҳкум шуд.

   Ҳамчунин Ҳимматуллоҳ Абдулоҷонов ва Қунозим Мансуров,  ду омили дигари ин ҳамлаи террористӣ низ ба 10 сол зиндон ва мусодираи тамоми амвол маҳкум шуданд.

   30-уми августи соли гузашта, муҳавватаи сафорати Чин дар Бишкек ҳадафи инфиҷори террористӣ қарор гирифт.

   Дар ин ҳодиса омили интиҳорӣ бо худрави худ дарвозаҳои сафоратро рад ва бо вуруд ба дохили саҳни сафорат худро мунфаҷир кард.

   Дар натиҷаи ин иқдоми террористӣ, 3 тан маҷрӯҳ шуданд ва фарди террорист низ кушта шуд.

   Неруҳои иттилоотии Қирғизистон эълом карданд, ки ин иқдоми террористӣ ба суфориши гурӯҳи ифротии «Ал Тавҳид ва Ҷиҳод» сурат гирифт, ки дар ин кишвар ба унвони созмони террористӣ шинохта мешавад.

 

Барчасп