Самарқанд минтақаи гардишгарӣ мешавад
Давлати Узбакистон шаҳри бостонии Самарқандро бо кӯмаки молии сармоягузорони хориҷӣ, то соли 2020 милодӣ ба минтақаи гардишгарӣ табдил хоҳад кард.
Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон, давлати Узбакистон мусаввабае дар мавридии тавсеаи сареъи патенсиали гардишгарии Самарқанд барои солҳои 2017 ва 2019 милодӣ тасвиб кард.
Бар асоси ин мусавваба, дар маҳдудаи Самарқанд ситӣ- меҳмонхонаҳои модерн, марокизи тафреҳӣ ва муассисоти тиҷорӣ, аз ҷумла Амфитеатр, бошгоҳи Болинг, қаҳвахона, ресторан ва марокизи харид эҳдос хоҳад шуд.
Дар хиёбонҳои Панҷакент, Мирзо Бобур, Влександр Пушкин, Ибни Халдун, Алишер Навоӣ, меҳмонхонаҳои ҷадид эҳдос хоҳад шуд.
Ҳамчунин маҷмӯаҳои Имом Бухорӣ дар ноҳияи Пайариқ, Махдуми Аъзам дар ноҳияи Оқдарё, Абу Мансур ал Мотуридӣ дар Самарқанд, Ҳазрати Довуд дар ноҳияи Нуробод, Ғавс – ул- Аъзм дар ноҳияи Оргут ва дигар ҷозибаҳои гардишгарӣ мавриди бозсозӣ ва мариммат қарор хоҳад гирифт.
Давлати ин кишвар барномарезӣ мекунад, ҷодаҳои мунтаҳӣ ба муассисоти гардишгариро бозсозӣ ва роҳҳои ҷадиде эҳдос, дар амокини гардишгарӣ «вайфаӣ», дар Самарқанд ва ҳавмаи он масирҳои ҷадиди гардишгариро эҷод кунад.
Ҳамчунин дар ин замина мутахассисонеро барои санъати гардишгарӣ омӯзиш ва теъдоди парвозҳо ба Самарқанд ва ҳаракати қатори тезрав «Афросиёб»-ро афзоиш диҳанд.
Арзиши куллии эҷоди минтақаи гардишгарии Самарқанд, тақрибан муодили 9 миллиону 800 ҳазор доллар ба нархи давлатӣ ё муодили 4 миллиону 600 ҳазор доллар ба нархи бозор баровард шудааст.
Дар ҳоли ҳозир бар асоси Ожонси таҳлилии “ТурСтат”, солона аз Самарқанд як миллион гардишгар боздид мекунанд.