Июл 24, 2017 17:12 Asia/Dushanbe
  • Атамбоев: Пойгоҳи ҳавоии Амрико таҳдиди амниятӣ буд

Раисҷумҳури Қирғизистон эълом кард: Пойгоҳи ҳавоии Амрико дар ин кишвар таҳдиде ҷиддӣ барои амнияти Қирғизистон буд.

Ба нақл аз хабаргузории ИТАР-ТАСС, Алмазбек Атамбоев дар ҷамъи хабарнигорон афзуд: Бархе кишварҳо ба мо ҳушдор дода буданд, ки омодаанд, дар сурати лузум пойгоҳи ҳавоии Амрикоро дар Қирғизистон ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор диҳанд ва ин шароит то соли 2014 идома дошт, то инки ин пойгоҳ аз Қирғизистон интиқол дода шуд.

Раисҷумҳури Қирғизистон афзуд: Ин яке аз далоиле буд, ки Бишкек тасмим ба таътилии пойгоҳи ҳавоии Амрико гирифт, ки аз соли 2001 дар фурӯдгоҳе дар Бишкек қарор дошт ва аз он барои пуштибонӣ аз амалиёти НАТО дар Афғонистон истифода мешуд .

Атамбоев эълом кард, ин кишвар тавофуқномаеро бо Русия барои мизбонии пойгоҳи ҳавоии ин кишвар имзо карда, агарчи дар тавофуқномаи ҷадид муддатзамони мизбонии пойгоҳи Русия аз 74 сол ба 15 сол коҳиш ёфтааст .

 

 

Барчасп