Июл 31, 2017 12:28 Asia/Dushanbe
  • Номзадии ҳудуди 50 нафар дар интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон

  Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон, аз сабти номи 48 номзад барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар хабар дод.

 Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузорми Форс, Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон эълом кард, афроди сабти ном шуда дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ вобаста ба қишрҳои мухталифи сиёсӣ ва аҳзоби мухталифи ин кишвар ҳастанд.

 Албатта дар миёни ин афрод, теъдоде низ ба сурати мустақил дар ин рақобати сиёсӣ ширкат кардаанд.

 Сабти номи номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қиғизистон, то аввали август идома дорад.

 Токунун афроди матраҳе, аз ҷумла Соронбой Ҷенбеков- нахуствазири феълӣ, Темур Сариев-нахуствазири собиқ ва Омурбек Текебаев- раҳбари оппозисюни Қирғизистон номзадии худро барои ин рақобат эълом кардаанд.

 Интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон 15 октябри соли 2017 баргузор хоҳад шуд.