Август 02, 2017 10:35 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани се шаҳрванди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар Маскав

Се нафар аз аъзои бандаи ҷиноии мавсум ба ГТА аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳангоми интиқол ба додгоҳи вилояти Маскав кушта шуданд.

Ба гузориши сайти “Росбалт”, Светлана Петренко, сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия гуфтааст, ки рӯзи аввали моҳи август, ҳангоми интиқоли аъзои бандаи ҷиноии мавсум ба ГТА барои муҳокима дар додгоҳи вилояти Маскав боздоштшудагон бо ҳамла ба яке аз нигаҳбонон ва гирифтани аслиҳаи вай шурӯъ ба тирандозӣ карданд, ки дар ин даргирӣ 3 тан аз онон кушта ва ду нафар аз нерӯҳои амниятӣ ва 2 зиндонии дигар захмӣ шуданд.

Светлана Петренко гуфтааст, фарде ба номи Убайдуллоҳ Субҳонов, зодаи Қирғизистон дар соли 2012 ин бандаро бо мушорикати 15 нафар аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳадафи ғоратгарӣ ва дуздии амволи ронандагони комюнҳо ва мусофирон дар шоҳроҳи Маскав ба вилояти Калуга ташкил дод.

Сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия афзуд, аъзои ин банда соли 2014 пас аз боздошт ба қатли 17 ронанда ва мусофир эътироф карданд.

 Ба гузориши манобеи хабарии Русия, дар миёни ин 15 нафар фарде ба номи Абдулмуқим Муҳаммадҷонов, зодаи Тоҷикистон дар бозҷӯиҳои аввалия ба қатли 4 нафар эътироф кардааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия акнун мақомоти додситонии вилояти Маскав алайҳи афроде , ки ба нерӯҳои полис дар сохтмони додгоҳ ҳамла кардаанд, ба иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони нерӯҳои амниятӣ, талош барои рабудани аслиҳаи нигаҳбонон ва кӯшиш барои фирор парвандаи ҷиноии ҷадиде ташкил додаанд.

 

Барчасп