Август 14, 2017 12:25 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон дигар мухолифи сохти ниругоҳи «Роғун» нест

Вазорати умури хориҷаи Узбакистон эълом кард, ки ин кишвар дигар ба сохти ниругоҳи барқӣ обии «Роғун» дар Тоҷикистон мухолифат намекунад.

  Ба гузориши сойти “Вароруд”, Абдулазиз Комилов дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд, дар посух ба пурсиш яке аз сокинони вилояти Қашқадарё дар мавриди мавқеи Узбакистон дар бораи ниругоҳи Роғун дар Тоҷикистон, гуфт, Узбакистон дигар бо ин тарҳ мухолифат намекунад.

 Комилов таъкид кардааст, Узбакистон ва Тоҷикистон бояд бар сари ин мавзӯъ ба тавофуқ бирасанд ва Душанбе низ манофеи Тошкандро ҳангоми такмили сохти ин ниругоҳ дар назар бигирад.

 Ин дар ҳоле аст, ки соли 2014 Рустам Азимов, муовини аввали нахуствазири Узбакистон гуфта буд, Тошканд ҳаргиз ва дар ҳеҷ шароите аз тарҳи Роғун ҳимоят нахоҳад кард.

 Соли 2007, низ Владимир Норов, вазири умури хориҷаи Узбакистон дар нишасте дар Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд, ки сохти ниругоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон барои амнияти зист муҳитӣ ва бахши кишоварзии Узбакистон хатари бузурге эҷод хоҳад кард ва тарафи Тоҷикистон набояд аз манофеи Узбакистон ва муқаррароти созмонҳои байналмилалӣ дар бораи сохти ниругоҳҳои барқӣ, сарфӣ назар кунад.

 Ислом Каримов, раисиҷумҳури собиқи Узбакистон ҳам чандин бор зиддияти кишварашро бо сохти ниругоҳ “Роғун” эълом карда буд.

 Баъди вафоти Ислом Каримов ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар муносиботи ду кишвари ҳамсоя тағйироти мусбате ба вуҷуд омада ва аксари мухолифатҳо дар ҳоли поён ёфтан аст.

 

 

Барчасп