Август 20, 2017 13:56 Asia/Dushanbe
  • Дидори вузарои умури хориҷии Узбакистону Қирғизистон

Абдулазиз Комилов ва Эрлан Абдуллоев, вузарои умури хориҷии Узбакистону Қирғизистон дар Бишкек дидору чашмандози равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Вузарои умури хориҷии Узбакистону Қирғизистон натоиҷи нишастҳои Комиссияи муштараки байнидавлатии ҳамкориҳои дуҷониба ва таъйини марзҳои давлатиро дар Бишкек муҳим арзёбӣ карданд. Ду тараф дар нишастҳои Комиссияи муштараки байнидавлатӣ дар бораи густариши беш аз пеши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии мутақобилу судманд, густариши ҳамкориҳои мутақобил дар бахшҳои ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва манобеи обӣ, энержӣ, умури фарҳангӣ, беҳдоштӣ, омӯзишӣ ва гардишгарӣ ба тавофуқ расиданд.

Ҳалли мушкилоти марзӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Узбакистону Қирғизистон барои ду кишвар ва соири ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз аҳамияти зиёде бархурдор аст. Бавижа, ки Узбакистону Қирғизистон узви Созмони Ҳамкори Иқтисодӣ –ЭКО, Созмони Ҳамкори Исломӣ ҳастанд ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба имкони тақвияти ҳарчи бештари ҳамкориҳои минтақаию байналмилалиро барои раҳбарони Бишкеку Тошканд фароҳам хоҳад кард. Дар айни ҳол, бояд гуфт, минтақаи Осиёи Марказӣ бо доштани масоҳате муодили се миллиону 994 ҳазору 400 километри мураббаъ ва ҷамъиятӣ наздик ба 60 миллион нафар аз шароити муносибе барои рушду тавсеа иқтисодӣ бархурдор аст. Бо вуҷуди ин ихтилофҳои марзии ин ҷумҳуриҳо ба дастовезе барои ҳузуру нуфузи бегонагон ба ин кишварҳо табдил шудааст.

Ногуфта намонад, ки бо ба даст гирифтани ҳокимият тавассути Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дар моҳи декабри соли 2016 сиёсати дохилию хориҷии ин кишвар дучори тағйироти умдае шуд. Пеш аз он Ислом Каримов, раисҷумҳури фақиди Узбакистон ба ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла ҷумҳуриҳои ҳамсоя тамоюле нишон намедод. Ӯ ҳамчунин ба тамоми давлатҳои қудратманд дар минтақа ва ҷаҳон ба чашми тардид менигаристу талош мекард, муносибот бо кишварҳои қудратмандро бар асоси асли мувозинат пеш барад. Бадеҳист, ки иттихози ин сиёсатҳои нодуруст Узбакистонро ба кишвари “гӯшанишин” дар ҷаҳон ва ҳатто дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил карда буд. Аммо дар пайи марги Ислом Каримов раисҷумҳури фақиди Узбакистон ҳукумати муваққати ин кишвар бо интишори баёнияе сиёсати ҷадиди Тошкандро бар мабнои дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ кард. Дар айни ҳол, Шавкат Мирзиёев таъкид кард:  Узбакистон ба ҳеҷ аз як блокҳои низомӣ ва сиёсӣ ворид нахоҳад шуд, иҷозаи истиқрори пойгоҳҳои низомӣ ва таъсисоти дигар кишварҳоро дар хоки худ нахоҳад дод ва ҳамчунин низомиёни худро ба хориҷ аз кишвар эъзом нахоҳад кард.

Шакке нест, ки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбакистону Қирғизистон ба шиддат мавриди назари кишварҳои қудратманд дар минтақа ва ҷаҳон ҳастанд. Давлатҳои султагари ҷаҳонӣ, бавижа Амрико талош мекунанд, аз ин даста аз кишварҳо ҷиҳати манофеи худ баҳрабардорӣ кунанд. Ба унвони мисол, Амрико аз ибтидои ишғоли Афғонистон бо дар ихтиёр гирифтани пойгоҳҳои низомӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Қирғизистон талош кард, дар рақобат бо Русия тарафи баранда бошад. Бо вуҷуди ин саранҷом Ҳукумати Қирғизистон дар соли 2014 ба Амрико посухи манфӣ дод. Дар муқобил раисҷумҳури Қирғизистон ва бисёре аз мақомҳо, ҳатто коршиносони қирғиз низ барои ҳузури низомии Русия дар ин кишвар раъйи мусбат доданд.