Август 22, 2017 17:22 Asia/Dushanbe
  • Зиндон барои зани узбакистонӣ ба ҷурми ҷосусӣ барои Тоҷикистон

Додгоҳи низомии Узбакистон як корманди собиқи вазорати кишварро ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Тоҷикистон ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, додгоҳи низомии Узбакистон Алена Ким, корманди собиқи вазорати кишварро ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Тоҷикистон ба муддати 10 сол роҳии зиндон кард.

Ҳукми додгоҳи олии ин кишвар алайҳи Алена Кими 36 сола, ки солҳои тӯлонӣ дар бахшҳои мухталифи вузароати кишвари Узбакистон фаъолият карда, дар торихи 12 июли имсол содир шуда, аммо вакили мудофеъ ва хонаводаи ин зан акнун ин хабарро расонаӣ кардаанд.

Иттиҳоми Ким ҷосусӣ ва эҷоди ихтилол дар амнияти Узбакистон буд.

Виктория Султонмуродова, хоҳари ин зан гуфтааст, мақомоти узбак хоҳарашро ба ин далел, ки муддате дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кардааст, ба ҷосусӣ муттаҳам карданд.

Алена Ким солҳои 2004-2005, дар яке аз ресторанҳои шаҳри Хуҷанд ба унвони пешхидмат кор кардааст.