Ақиб афтодани нишасти музокироти сулҳи Остона
Шашумин даври музокироти Остона дар бораи Сурия, ки қарор буд, бисту нуҳум ва сиюми август дар пойтахти Қазоқистон баргузор шавад, ба таъхир афтод.
Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Хайрат Абдураҳмонов, вазири умури хориҷаи Қазоқистон, ки мизбонии ин нишастҳоро ба уҳда дорад, эълом кард, ин таъвиқ ба дархости се кишвари музокиракунанда ва зомини оташбас шомили Эрон, Русия ва Туркия аст .
Ба гуфтаи Абдураҳмонов, шашумин даври музокироти Остона ба иллати баргузории нишасти коршиносӣ дар Теҳрон ба авосити моҳи сентябр мавкул шудааст .
Намояндагони кишварҳои ҷумҳурии исломии Эрон, Русия ва Туркия аз авохири моҳи январ дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон дар панҷ нишаст, вазъияти оташбас ва поён ёфтани ҷанг дар Сурияро баррасӣ карданд .
Даври панҷуми музокироти Остона дар бораи ҳалли буҳрони Сурия ду ҳафта қабл бо ширкати намояндагони давлати Димишқ ва мухолифони мусаллаҳи Сурия дар шаҳри Остона баргузор шуда буд .