Август 28, 2017 17:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳалли бахши асосии ихтилофоти марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо ишора ба талошҳо барои таъйини ҳудуд ва аломатгузории марзҳои кишвараш гуфт, 84 дарсад аз ихтилофоти марзии ин кишвар бо Тоҷикистон ва Узбакистон ҳал шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Алмосбек Отамбоев рӯзи душанбе дар боздид аз минтақаи марзии Ӯш афзуд, бо нахуствазири Ӯзбакистон, ки ахиран вориди ин кишвар шудааст, барои ҳалли боқимондаи ихтилофоти марзӣ низ гуфтугӯ хоҳем кард.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, ин аввалин сафари нахуствазири Ӯзбакистон ба ин кишвар дар 26 соли гузашта будааст.

Қирғизистон ва Ӯзбакистон бар сари ҳудуди 300 километр аз ҳазор километр марзи муштарак ихтилоф доранд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон низ аз 976 километр марзи муштарак байн ду кишвар то кунун 504 километрро аломатгузорӣ кардаанд.

 

Барчасп