Кӯмаки созмонҳои мазҳабӣ ва давлатии Қирғизистон ба мусалмонони Миёнмор
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i22915-Кӯмаки_созмонҳои_мазҳабӣ_ва_давлатии_Қирғизистон_ба_мусалмонони_Миёнмор
Созмонҳои давлатӣ ва мазҳабии Қирғизистон барои кӯмак ба мусалмонони Миёнмор шӯрои ҳамоҳангӣ эҷод кардаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 12, 2017 09:30 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки созмонҳои мазҳабӣ ва давлатии Қирғизистон ба мусалмонони Миёнмор

Созмонҳои давлатӣ ва мазҳабии Қирғизистон барои кӯмак ба мусалмонони Миёнмор шӯрои ҳамоҳангӣ эҷод кардаанд.

Ба гузориши “СА-нюз”, Бокит Нуриддинов, раиси Конгресси мусалмонони Қирғизистон дар ин конфронси матбуотӣ гуфт, ҷомеаҳоии мусалмонӣ дар мавриди рӯйдодҳое, ки дар Миёнмор иттифоқ меуфтад, нигарон аст.

Нуриддинов афзуд, ба манзури саҳмгузор шудан дар кӯмак ба мусалмонони миёнморӣ созмонҳои мазҳабии Қирғизистон шӯрои ҳамоҳангӣ таъсис карданд, ки ин шӯро аз ҳудуди 10 созмони давлативу ниҳоди мазҳабӣ ташкил шудааст.