Чароғи сурхи Қирғизистон ба тавофуқномаи марзӣ бо Ӯзбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i23447-Чароғи_сурхи_Қирғизистон_ба_тавофуқномаи_марзӣ_бо_Ӯзбакистон
Тавофуқномаи таъйини марзҳои муштарак байни Ӯзбакистону Қирғизистон дар парлумони Қирғизистон ба тасвиб нарасид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 23, 2017 11:24 Asia/Dushanbe
  • Чароғи сурхи Қирғизистон ба тавофуқномаи марзӣ бо Ӯзбакистон

Тавофуқномаи таъйини марзҳои муштарак байни Ӯзбакистону Қирғизистон дар парлумони Қирғизистон ба тасвиб нарасид.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар баррасии ин тавофуқнома дар парлумони Қирғизистон  аҳзоби парлумонии “Онугуу Прогресс” ва “Республика” ба тавофуқномаи таъйини 85 дарсадии марзҳои муштараки ин кишвар бо Ӯзбакистон раъй надоданд.

Қарор аст ин тавофуқнома ҳафтаи оянда боз ҳам дар қироати дувум баррасӣ шавад.

Марзҳои муштараки Ӯзбакистону Қирғизистон беш аз 1300 километр аст.