Сентябр 27, 2017 13:30 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти нахустин чеҳраи мухолифи ҳукумати Ӯзбакистон аз табъид

Нуруллоҳ Отахонов бо тахаллуси Муҳаммад Рауфхон, нависандаи 63 солаи ӯзбак аз табъид ба ватан бозгашт.

Ба гузориши сайти “Фарғона.ру”, ахиран Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон аз мухолифон ва дигарандешони ӯзбак, ки ба хориҷ аз ин кишвар паноҳанда шудаанд, даъват кард ба кишвари хеш бозгарданд.

Раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ваъда дод, паноҳандагоне, ки ба ин кишвар бозгарданд, аз ҳамаи ҳуқуқи худ бархурдор хоҳанд шуд.

 Нуруллоҳ Отахонов тайи ду соли гузашта дар Туркия зиндагӣ кардааст.

Вай ба далели интишори китоби “Ойини рӯзҳо”, ки дар интиқод аз таҳаввулоти даврони истиқлоли Ӯзбакистон навишта буд, мавриди ғазаби ҳокимони пешини Ӯзбакистон қарор гирифт.

 Дар даврони ҳукумати 25- сола ва мустабидонаи Ислом Каримов дар Ӯзбакистон, ҳар гуна ҳаракати мухолиф ва интиқодӣ дар ин кишвар ба шиддат саркӯб мешуд.

Бо марги Каримов дар соли 2015 ва рӯйи кор омадани Мирзиёев фазои сиёсӣ дар ин кишвар рӯ ба тағйир аст.