Октябр 03, 2017 19:49 Asia/Dushanbe
  • Барномаи Қазоқистон барои содироти 5 миллиард метри муккааб газ ба Чин

Мақомоти Остона ва Пекин дар заминаи содироти 5 миллиард метри муккааб гази табиӣ ба Чин дар як сол ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ширкати давлатии “Казтрансгаз”-и Қазоқистон ва "Петро Чайна Интернейшнел Компани"-и Чин дар заминаи содироти гази табиии Қазоқистон ба Чин ба тавофуқ расиданд.

Ғайрат Шарифбоев, муовини мудири бахши ҳамлу нақл ва бозорёбии ширкати миллии “Казтрансгаз”-и Қазоқистон дар ин бора гуфт, дигаргунии масирҳои интиқоли гази Қазоқистон, ҳамчунин афзоиши ҳаҷми содироти он аз аҳдофи роҳбурдие аст, ки раисҷумҳур Назарбоев таъйин кардааст. Ӯ афзуд, содироти гази табиии Қазоқистон ба Чин мӯҷиби афзоиши эҷоди зерсохтҳои муштараки ду кишвар ва густариши иртибототи тиҷорию ҳамлу нақл миёни кишварҳои минтақа мешавад.

Бар асоси ин тавофуқ, қарор аст, Остона аз 15-уми октябри имсол солона 5 миллиард метри муккааб гази табиӣ ба Чин содир кунад. Даромади Қазоқистон аз арзаи ин мизони гази табиӣ беш аз як миллиард доллар хоҳад буд.