Оғози расмии интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон
(last modified Sun, 15 Oct 2017 06:28:10 GMT )
Октябр 15, 2017 11:28 Asia/Dushanbe
  • Оғози расмии интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон дар соати 8 субҳ ба вақти маҳаллӣ дар ин кишвар оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон эълом кард, дар ин давра аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, 11 номзад барои ба даст овардани курсии раёсати ҷумҳурӣ бо якдигар рақобат хоҳанд кард.

Бар асоси ин гузориш, дар саросари Қирғизистон ду ҳазору 375 маҳали раъйгирӣ фаъол аст.

Дар интихоботи соли ҷорӣ се миллиону 25 ҳазору 768 шаҳрванд ширкат мекунанд, ки ду миллиону 908 ҳазор ва 453 шаҳрванд дар Қирғизистон ва 18 ҳазору 580 шаҳрванд хориҷ аз ин кишвар ба номзади мунтахаби худ раъй хоҳанд дод.

Ҳамчунин 700 нозири байналмилалӣ бар интихоботи риёсати ҷумҳурии Қирғизистон назорат мекунанд.