Сооронбой Жеенбеков пирӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон
(last modified Mon, 16 Oct 2017 07:08:54 GMT )
Октябр 16, 2017 12:08 Asia/Dushanbe
  • Сооронбой Жеенбеков пирӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон

Сооронбой Жеенбеков, номзади 59 солаи Ҳизби сотсиал - демократи Қирғизистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар пирӯз шуд.

Ба гузориши хабаргузории РИА – Новости, Кумитаи марказии интихоботи Қирғизистон рӯзи душанбе эълом кард, аз як миллиону 692 ҳазор нафар, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон ширкат карданд, 917 ҳазор нафар ба Сооронбой Жеенбеков раъй доданд.

Бар асоси ин гузориш, Жеенбеков бо касби 55 дарсади раъй барандаи ин интихобот шуд ва натиҷаи ниҳоии интихобот зарфи 20 рӯзи оянда эълом хоҳад шуд.

Бар асоси қонунҳои Қирғизистон номзади раёсати ҷумҳурӣ барои баранда шудан дар даври аввал бояд 50 дарсад ба изофаи як раъй дар интихобот ба даст оварад.

Дар кишвари шаш миллионнафарии Қирғизистон се миллиону 25 ҳазору 770 нафар дорои шароити раъй додан буданд.