Октябр 16, 2017 16:53 Asia/Dushanbe
  • Бозпас фиристодани кумакҳои башардӯстонаи Қазоқистон ба Қирғизистон

Давлати Бишкек кумакҳои башардӯстонаи давлати Қазоқистон ба Қирғизистонро ба далели ихтилофҳои ахири ду кишвар, пас фиристод.

Кумакҳои башардӯстонаи Қазоқистон ба Қирғизистон шомили 1500 метр тахтаи чӯбӣ, 150 тон оҳан ва мийдоре масолеҳи сохтмонӣ буд. Ин кумакҳо ба далели селу зилзила дар ҷануби Қирғизистон дар баҳори соли ҷории мелодӣ ба ин кишвар ирсол шудааст.

Бозпас фиристодани кумакҳои Қазоқистон ба Қирғизистон дар пайи ихтилофҳои ахири ду кишвар рӯ задааст. Дар ҳоле ки шаҳрвандони Қазоқистон ба осонӣ вориди Қирғизистон мешуданд, аз рӯзи даҳуми октябри соли ҷории мелодӣ дар 3 пости бозрасӣ дар марзҳои Қирғизистону Қазоқистон сафҳои тӯлонӣ аз мардум ва васоили ҳамлу нақл ба вуҷуд омадааст.

Ин нахустин бор нест, ки Алмосбек Отамбоев алайҳи Қазоқистон мавзеи манфӣ гирифтааст. Дар моҳи майи соли гузаштаи мелодӣ низ раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар интиқод аз суханони таҳқиромези вазири фарҳанги Қазоқистон дар мавриди қирғизҳо гуфта буд: “Ман боркашӣ, шогирдӣ ва ҷорӯкашӣ кардаам ва ин корҳо шарофаташ бештар аз он аст, ки вазири дузд бошӣ”.

Аристонбек Муҳаммадули, вазири фарҳанги Қазоқистон гуфта буд: “Таассуфовар аст, ки ҳар гоҳ ба Маскав ё дигар шаҳрҳои Русия меравӣ, мебинӣ, ки ҳоҷатхонаҳо (сервисҳои беҳдоштӣ )-ро духтарони ҷавону ҳамсояҳои мо (Қирғизистон) пок мекунанд”.

Вазири қазоқ дар идома гуфта буд, ки чун дар Қирғизистон ҷое барои кору оянда нест, бисёре аз қирғизҳо аз рӯйи ночорӣ кишварашонро тарк кардаанд.

Шоёни зикр аст, ки пеш аз ин ва дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон, яке аз номзадҳои матраҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон бо раиси ҷумҳурии Қазоқистон дидор кард, ки ин дидор бо вокуниши манфии давлати Бишкек ва интиқодҳои ошкори раиси ҷумҳурии Қирғизистон рӯбарӯ шуд. Дар моҳи гузаштаи мелодӣ Омурбек Бабанов, яке аз номзадҳои муҳими интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар Остона дидор кард, аммо ин дидор норизоятии шадиди Алмосбек Отамбоевро дар пай доштааст.

Ба ин тартиб, давлати Бишкек Остонаро ба дахолат дар умури дохилии Қирғизистон муттаҳам кардааст. Тайи рӯзҳои гузашта раиси ҷумҳурии Қирғизистон борҳо алайҳи Қазоқистон дар суханрониҳои худ изҳори назар кардааст.

Ба унвони мисол, Отамбоев дар рӯзи 7-уми октябри соли ҷории мелодӣ тайи суханоне таъкид кард: “Ман як интихоботи шаффоф баргузор хоҳам кард, ҳар фард раиси ҷумҳурашро бояд худаш интихоб кунад ва фарди мунтахаб муваззаф аст, ки ба мардум хидмат кунад. Акнун ба хубӣ дарк мекунам, ки чаро ҳукумати Қазоқистон мехоҳад чунин раҳбаронеро ба мо таҳмил кунад”.

Дар вокуниш ба ин иттиҳомҳои раиси ҷумҳурии Қирғизистон, Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон аз фиристодани намояндагони нозири худ барои назорат бар интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон худдорӣ ва эълом кардааст, ки ин тасмимро ба далели иттиҳомҳои ҷаълии Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар иртибот бо дахолати Остона дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон рӯйи даст гирифтааст.

Дар ҳамин иртибот, Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон низ бо интишори баёнияи эътирозомезе, изҳороти раиси ҷумҳурии Қирғизистонро рад кард ва онро ба зиёни муносиботи дӯстонаи ду кишвар қаламдод намуд. Давлати Қазоқистон ҳамчунин суханони Отамбоев алайҳи Қазоқистонро тавтеабарангез ва иқидоми таблиғотии пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон арзёбӣ кард.