Октябр 17, 2017 15:15 Asia/Dushanbe
  • Дархости раиси ҷумҳурии Қирғизистон барои баргузории нишасти АвруОсиё

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон мегӯяд, дар сурате, ки авзои феълӣ дар марзҳои ин кишвар ва Қазоқистон ба ҳолати гузашта барнагардад, аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дархости баргузории нишасти фавқуллода хоҳад кард.

Отамбоев афзуд: “Мақомҳои Қазоқистон гуфтаанд, ки ин иқдомот ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ муртабит аст, аммо агар авзоъ тайи рӯзҳои оянда тағйир накунад, дархости баргузории нишасти фавқуллодаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро эълом хоҳем кард”.

 Дар пайи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон дар рӯзи 15-уми октябр, ки бо пирӯзии номзади мавриди ҳимояти Алмосбек Отамбоев ба поён расид, ба назар мерасад, ки раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо тавони дубаробар вориди арсаи рақобатҳои минтақаӣ шудааст. Ба вижа, ки мушорикат накардани Алмосбек Отамбоев дар нишасти Сочи, ба бурузи бархе овозаҳо алайҳи раиси ҷумҳурии Қирғизистон доман зада буд. Аз ҷумла, нигаронии Отамбоев аз рӯбарӯ шудан бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон матраҳ шуда буд.

Барои мисол, Аркадий Дубнов, коршиноси сиёсии рус бо ишора ба лағви сафари Отамбоев ба Сочи гуфта буд: “дар даврони мактабӣ, вақте тахаллуфе анҷом медодем, метрасидем рӯзи баъд ба мактаб биёем, чун муаллимон метавонистанд моро танбеҳ кунанд ё ин ки волидайни моро ба мактаб эҳзор кунанд. Отамбоев ҳам монанди донишомӯзони вайронкунандаи тартибот, аз қарор гирифтан дар канори Нурсултон Назарбоев метарсад”.

Ба гуфтаи ин коршиноси рус, Отамбоев на танҳо ба Назарбоев, балки ба мардуми Қазоқистон тавҳин кард ва ҳатто наметавонад тасаввур кунад чи гуна бо сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ сари як миз бинишинад.

Ихтилофҳои раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо Қазоқистон пас аз он оғоз шуд, ки як номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон бо раиси ҷумҳурии Қазоқистон дидор кард. Дар пайи ин дидор Алмосбек Отамбоев бо маҳкум кардани Қазоқистон ба дахолат дар умури дохилии Қирғизистон эълом кард: “Мо мебинем, ки мақомҳои кишварҳои хориҷӣ талош мекунанд навкари худро дар курсии раёсати ҷумҳурии кишварамон қарор диҳанд ва бо дарки ин мавзӯъ, ки миллати қирғиз қобили харид нест, онҳо аз абзорҳои фишор истифода мекунанд”.

Дар вокуниш ба иттиҳомҳои раиси ҷумҳурии Қирғизистон, Камиссиюни марказии интихоботи Қазоқистон аз фиристодани намояндагони нозири худ барои назорат бар интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон худдорӣ ва эълом кард, ин тасмимро ба далели иттиҳомҳои ҷаълии Алмос‌бек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар иртибот бо дахолати Остона дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон рӯйи даст гирифтааст.

Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон низ бо интишори баёнияи эътирозомезе, изҳороти раиси ҷумҳурии Қирғизистонро рад кард ва онро ба зиёни муносиботи дӯстонаи ду кишвар донист. Давлати Қазоқистон ҳамчунин суханони Отамбоев алайҳи Қазоқистонро тавтеабарангез ва иқдоме таблиғотӣ пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон арзёбӣ кард.

 Бо вуҷуди эътирозҳо, ҳамзамон давлати Остона бозрасиҳои марзиро барои шаҳрвандони Қирғизистон сахттар кард. Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар ин бора тавзеҳ дод, ки сервисҳои иттилоотии қазоқ дар пайи гурӯҳҳои террористӣ ҳастанд ва ҳамчунин риояти системаи марзбонӣ ва қонуни муҳоҷиратиро контрол мекунанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар воқеъ мушорикати фаъоли бархе аз шаҳрвандони Қирғизистон дар гурӯҳҳои террористӣ, ба вижа ДИИШ боис шудааст, ки Қирғизистон “бадномтар” аз дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бошад. Ба ҳамин далел, раҳбарони Бишкек наметавонанд тавҷеҳи давлати Қазоқистонро рад кунанд.