Октябр 18, 2017 15:27 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Узбакистон барои роҳандозии корхонаҷоти муштарак бо Эрон

Вазир тавсеаи тиҷорати хориҷии Узбакистон гуфт, кишвараш барои роҳандозии корхонаҷоти муштарак дар Эрон ва Узбакистон ва сармоя гузории муштарак, ба хусус дар ҳавзаи ҳамлу нақл ва транзит омодагӣ дорад.

Элёр Ғаниев рӯзи гузашта дар дидор бо Муҳаммади Шариатмадорӣ, вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон дар Теҳрон, бо пешниҳоди баргузории комиссияи муштараки ду кишвар дар даҳаи дувуми декабри соли 2017 дар Теҳрон изҳор дошт, охирин санади ҳамкории муштарак миёни ду кишвар дар соли 2003 имзо шуда ва кишвараш омодаи имзои асноди ҷадид бо Эрон аст.

Вазири тавсеаи тиҷорати хориҷии Узбакистон афзуд, ҳаҷми мубодилоти бозаргонии ду кишварро метавон дар се соли оянда ба як миллиард доллар афзоиш дод.

Вай ҳамчунин гуфт, каридори Афғонистон ва проекти транзити бандари Чобаҳор дар ҷануби шарқи Эрон ду проекти муҳими Узбакистон дар ҳавзаи транзити хориҷӣ буда, ки кишвараш дар ҳоли пайгирии ин ду проект аст.

Муҳаммади Шариатмадорӣ, вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон низ дар ин дидор гуфт, Эрон ва Узбакистон дорои равобит ва манофеи муштарак дар минтақа ҳастанд, ки ин мавзӯъ зарурати иртибототи наздик ва густариши муносиботи дуҷонибаро бештар мекунад.

Шариатмадорӣ ҳамчунин амнияти минтақаи Осиёи Марказиро амнияти Эрон хонд ва таъкид кард, Эрон аз ҳеҷ кӯшише дар ин ҳавза дареғ намекунад, зеро равобиташ бо Узбакистон баландмуддат аст.

Вазири тавсеаи тиҷорати хориҷии Узбакистон ба ҳамроҳи вазири хориҷаи кишвараш ба манзури дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти эронӣ ба Теҳрон сафар кардааст.

 

Барчасп