Октябр 24, 2017 14:56 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати ҳунармандони узбакистонӣ дар кори пахтачинӣ+тасовир

Садҳо нафар аз ҳунармандони синамо, театр ва мусиқии Узбакистон дар рӯзҳои таътили ахир, роҳии киштзорҳои пахта шуданд, то дар канори кишоварзон дар бардошти ин маҳсул ширкат кунанд.

Ба нақл аз сомонаи русизабони Фарғона, аз ҷумлаи ин ҳунармандон чеҳраҳои маъруфе чун Юлдуз Усмонова, Алишер Файз, Ғиёс Бойтоев, Маҳмуд Намозов, Улуғбек Холиқов ва Алиҷон Исоқов бо нашри тасовири худ дар сафаҳоти иҷтимоӣ, ҳамватанонашонро ба мушорикати ҳарчи беҳтар дар амри бардошти маҳсули пахта ташвиқ карданд .

Бо ин ҳол, интишори ахбору тасовири ҳузури ҳунармандони узбак дар мазореи пахта бо вокуниши манфӣ ва тамасхури корбарони интернет мувоҷеҳ шуд .

Корбарон ба либосҳои расмӣ ва шик ва ороиши зоҳирӣ ва низ суфраи рангини хуроки ноҳори ҳунармандон ишора кардаву навиштаанд, ақшори мухталифи ҷомеаи Узбакистон солҳои мутамодӣ аст, ба бардошти иҷбории пахта ҷалб мешаванд ва касе ҳам ба фикри таблиғу рифоҳи онҳо нест .

Пахта аслитарин манбаи даромади миллӣ дар Узбакистон аст ва кошт, бардошт ва фароварии он дар инҳисори давлат қарор дорад.

Image Caption
Image Caption
Image Caption