Октябр 30, 2017 15:54 Asia/Dushanbe
  • Идомаи мушкилоти марзии Қазоқистон ва Қирғизистон

Бо вуҷуди ройзаниҳои Бишкек бо Маскав ва Тошканд, мушкилоти марзӣ байни ду кишвари Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамчунон идома дорад.

Идомаи ин мушкилоти марзӣ боиси эҷоди буҳрони иқтисодӣ дар ду кишвари ҳамсоя шудааст. Мушкилоти тараддуд дар нуқтаи марзии Қазоқистону Қирғизистон дар пайи ҷидоли лафзии раисони ҷумҳурии ду кишвари ҳамсоя аз рӯзи даҳуми октябр эҷод шудааст.

Дар пайи дидори яке аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии ахири Қирғизистон бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, равобити ду кишвар, ба вижа дар манотиқи марзӣ то ҳудуди зиёде халалдор шудааст.

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистонро ба мудохила дар умури интихоботии раёсати ҷумҳурии кишвараш муттаҳам карду гуфт : “Мо мебинем, ки мақомҳои кишварҳои хориҷӣ талош мекунанд то навкари худро дар курсии раёсати ҷумҳурии кишварамон қарор диҳанд ва бо дарки ин муҳим, ки миллати қирғиз қобили харид нест, онҳо аз абзорҳои фишор истифода мекунанд”.

Давлати Бишкек ҳамчунин кумакҳои ғайринақдии тарафи қазоқ ба селу зилзилазадагони моҳи апрели Қирғизистонро пас фиристод ва эълом кард, ба ин кумакҳо ниёзе надорад.

Ин рафтори давлати Бишкек дар шароите рух дод, ки чанде пеш мақомҳои ду кишвари ҳамсоя дар иртибот бо кумаки бебозгашти сад миллиондолларии Қазоқистон ба Қирғизистон як санади ҳамкорӣ бо якдигар имзо карданд, ки рафтори ахири давлати Бишкек то ҳудуди зиёде қобили тааммул аст, ба хусус ин ки Қирғизистон яке аз ду кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки ба шиддат ба кумакҳои хориҷӣ барои идомаи ҳаёт вобаста аст. Ба ҳамин далел маъруф аст, ки сиёсатмадорони қирғиз сабри бештаре доранд ва дар муқобили рафторҳои номуносиб, то ҳадди имкон сукут ихтиёр мекунанд то битавонанд кумакҳои хориҷии бештаре дарёфт кунанд.

Дар ин миён ба назар мерасад, Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон то ҳудуди зиёде бо дигар сиёсатмадорони қирғиз мутафовит амал мекунад.

 Ба ҳар ҳол, дар вокуниш ба рафторҳои давлати Қирғизистон, давлати Қазоқистон тамоми иттиҳомҳои давлати Бишкекро рад кардаву ба манзури исботи ин иддао аз эъзоми мустақими нозирони худ барои интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон худдорӣ кард.

Дар ин шароит коршиносони байналмилалӣ ҳалли мушкил ё баста шудани амалии марз аз сӯйи Қазоқистон ба рӯйи Қирғизистонро мулзам ба миёнҷигарии Русия медонанд.

 Ин дар ҳолест, ки давлати Русия то кунун дар ин замина сукут ихтиёр кардааст.

Пеш аз ин низ раиси ҷумҳурии Қирғизистон эълом карда буд, ба манзури ҳалли мушкил бо Қазоқистон қасд дорад пешниҳоди баргузории нишасти фавқуллодаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро матраҳ кунад, ки дар пайи ин изҳорот раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба сурати телефонӣ бо раисони ҷумҳурии Русияву Ӯзбакистон ройзанӣ кард.

Аммо бо вуҷуди мавзеъгириҳои тунди раиси ҷумҳурии Қирғизистон, Аён Еренов, раиси Утоқи тиҷорати хориҷии Қазоқистон дар ҳошияи понздаҳумин нишасти Шӯрои раисони утоқҳои узви кишварҳои Ҷомеаи Ҳамсуд дар Бишкек гуфта буд, қирғизҳову қазоқҳо ба зарурати ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаи иқтисодӣ воқиф ҳастанд ва ба ҳамин далел намехоҳанд ин масъаларо сиёсӣ кунанд.

Дар маҷмуъ бояд гуфт, тӯлонӣ шудани вазъияти ноҳинҷор ва ғайриоддӣ дар марзҳои Қазоқистону Қирғизистон дар муносиботи ду кишвари ҳамсоя дар минтақаи Осиёи Марказӣ бесобиқа аст.

Бо вуҷуди ин ва ба иловаи изҳори назарҳои коршиносони қирғизу қазоқ дар заминаи аҳамияти идомаи ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя, баид аст то замони тағйири раиси ҷумҳурии Қирғизистон мушкилоти дукишвари ҳамсоя бартараф шавад.