Ноябр 02, 2017 10:15 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии хадамоти марзбонии ИДМ аз ҷамъ шудани террористҳо дар шимоли Афғонистон

Раиси шӯрои ҳамоҳангии фаъолияти неруҳои марзбони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз ҷамъ шудани террористҳо дар шимоли Афғонистон ва марзҳои Тоҷикистон ва Туркманистон ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши Спутник, генерал Александр Манилов дар панҷумин ҳамоиши сохтори зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шангхай дар Тошканд пойтахти Узбакистон гуфт, теъдоди зиёде аз афроди вобаста ба гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон ва дар наздикии марзҳои Тоҷикистон ва Туркманистон мушоҳида шудаанд.

Вай мӯътақид аст, ки ин гурӯҳҳо дар қолаби дастаҳои 50 то 100-нафарӣ дар ҳоли эҷоди ноамнӣ дар шимоли Афғонистон мебошанд, ки барои марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдиди ҷиддӣ ба ҳисоб меояд.

Раиси шӯрои ҳамоҳангии фаъолияти неруҳои марзбонии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил таъкид кард, ҳамзамон бо таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон дар наздики марзҳои муштараки ин кишвар бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ талош барои интиқоли маводи мухаддир ба дохили ин минтақа низ афзоиш ёфтааст.

Чанд рӯз қабл низ генерал Юрий Хачатуров дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ аз таҷаммӯи ҳафт ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳҳои Толибон ва ДИИШ дар шимоли Афғонистон дар наздикии марзҳои муштараки ин кишвар бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Туркманистон хабар дода буд.

Хачатуров таъкид кард, дар сурати ҳар иқдоми ин гурӯҳҳо алайҳи марзҳои Тоҷикистон неруҳои вокуниши сареи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба суръат вориди амал хоҳанд шуд ва посухи мо ба ин навъ таҳаррукот шадид ва кӯбанда хоҳад буд.