Иттиҳом ба номзади интихоботи ахири раёсати ҷумҳурии Қирғизистон
Додситонии кулли ҷумҳурии Қирғизистон номзади интихоботи ахири раёсати ҷумҳурии ин кишварро ба таҳрики афкори умумӣ ва фирқагароӣ муттаҳам кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Додситонии кулли ҷумҳурии Қирғизистон дар Бишкек, Омурбек Бабанов, номзади интихоботи ахир ва раиси Ҳизби Республикаро ба ҷурми таҳрики афкори умумӣ ва иқдоми амниятӣ алайҳи кишвар муттаҳам кард.
Бабанов муттаҳам аст, ки дар суханронии худ дар муддати таблиғоти интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мардумро ба таҳрики қавмӣ ва мазҳабӣ даъват кардааст.
Дар натиҷаи баррасии суханрониҳои Бабанов, додситони кулли ҷумҳурии Қирғизистон вуҷуди шавоҳиде дар бораи ҷудоиталабӣ ва таҳрики нафрати қавмӣ ва тарки риояти қонунҳои кишварро таъйид кард.
Дар ҳоли ҳозир ин парванда барои идомаи таҳқиқот ба Кумитаи амнияти миллии ҷумҳурии Қирғизистон мунтақил шудааст.
Бабанов дар 28-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ӯши ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳузури ӯзбакҳои сокини он минтақа бо ишора ба нақзи ҳуқуқи ин афрод изҳор дошт: “бо фишор ба мақомоти амниятӣ аз ҳуқуқи худатон дифоъ кунед”.
Сооронбой Ҷеенбеков, нахуствазири собиқи ин кишвар дар 15-уми октябри соли ҷорӣ ба унвони раиси ҷумҳурии мунтахаби Қирғизистон интихоб шуд.
Мақомоти Кумитаи амнияти миллии ҷумҳурии Қирғизистон то кунун Койсор Шимомбетов ва Қанот Исоев, намояндагони собиқи парлумони ин кишварро ба ҳамроҳи чанд тани дигар ба иттиҳоми талош барои анҷоми кудатои низомӣ боздошт кардаанд.