Садои азон аз баландгуҳои масоҷиди Узбакистон пахш шуд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i25252-Садои_азон_аз_баландгуҳои_масоҷиди_Узбакистон_пахш_шуд
Пахши азон аз баландгуҳои масоҷиди Узбакистон аз сар гирифта шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 07, 2017 13:30 Asia/Dushanbe
  • Садои азон аз баландгуҳои масоҷиди Узбакистон пахш шуд

Пахши азон аз баландгуҳои масоҷиди Узбакистон аз сар гирифта шуд.

Ба нақл аз сомонаи centralsaian.org, ҳануз мушаххас нест, мақомоти Узбакистон расман муҷаввизи пахши азон аз баландгуҳои ин масоҷиди саросари ин кишварро содир кардаанд ё хайр?

Ин матлабро рӯзноманигори мустақил Абдураҳмон Тошматов мавриди таъкид қарор додааст.

Бо вуҷуди ин, ҳамакнун дар шуморе аз масоҷиди шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Андиҷону Фафғона садои азон аз баландгуҳо пахш мешавад .

Муовини имом хатиби яке аз масоҷиди Тошканд гуфт, пахши азон аз баландгуҳои масоҷид бо ибтикори мутасадиёни ин амокин сурат гирифтааст .

Дар ҳоли ҳозир мақомоти Узбакистон ҳеч тавзеҳе дар ин бора надодаанд .

Пахши азон аз баландгуҳои масоҷиди Узбакистон аз ҳудуди 10 сол қабл бо дастури ҳукумати динситези Ислом Каримов мамнуъ эълом шуда буд. Бо рӯи кор омадани Шавкат Мирзиёев ин мамнуиятҳо дар ҳоли рафъ шудан ҳастанд .

Дар Узбакистон 2037 масҷид фаъол аст, ки дар онҳо беш аз 5 ҳазор имом хатиб ва муовинҳояшон машғул ба кор ҳастанд .