Ноябр 10, 2017 21:08 Asia/Dushanbe
  • Имзои қарордоди таъйини ҳудуди марзӣ байни Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон

Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Амният ва тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ» ба манзури таъйини сарҳади се кишвари ҳамарз қарордоди таъйини ҳудуди марзӣ имзо кард.

Ба гузориши “Спутник”, ин қарордоди марзӣ аз сӯйи Абдалазиз Комилов, Ҳайрат Абдураҳмонов ва Рашид Мередов, вазирони умури хориҷии Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон дар шаҳри Самарқанд ба имзо расид.

Ерик Утембоев, сафири Қазоқистон дар Узбакистон имзои ин қарордодро нишонаи хубе барои ҳамкориҳои се кишвар дар заминаи таъйини ҳудуди марзӣ унвон кард. Ҳамчунин Ҳайрат Абдураҳмонов, вазири умури хориҷии Қазоқистон низ имзои ин қарордодро рӯйдоди таърихӣ барои Осиёи Марказӣ унвон карда гуфт, бо ин санад раванди сабти қонунии марзҳои се кишвар ба поён расидааст.

Ҳамоиши байналмилалии “Амният ва тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ” имрӯз, ҷумъа, бо ҳузури 500 ширкаткунанда аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар шаҳри Самарқанди Узбакистон баргузор гашт.