Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ
Вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, вазирони умури хориҷаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ шомили Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон,Узбакистон ва Туркманистон ин тафоҳумномаро дар ҳамоиши байналмилалии “Амният ва тевсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ”, дар шаҳри Самарқанди Узбакистон имзо карданд.
Ҳамкорӣ миёни ин панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ростои тавсеаи таомули минтақаӣ дар ҳавзаҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва бозаргонӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл, энержӣ- барқи обӣ ва гардишгарӣ, аз ҷумлаи матолиби инъикос ёфта дар ин тафоҳумнома аст.
Вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин дар заминаи таомул дар масоили байналмилалии ҷорӣ ва ҳамкорӣ дар ниҳодҳои байналмилалиӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, Созмони ҳамкории Исломӣ ва Созмони амният ва ҳамкорти Аврупо тавофуқ карданд.
Ҳамоиши байналмиллии ду рӯза “Амният ва тевсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ”, рӯзи ҷумъа дар шаҳри Самарқанди Узбакистон оғоз бакор кард.