Сохти бузургтарин Маркази ҳадисшиносӣ дар канори оромгоҳи Ал Бухорӣ дар Самарқанд
(last modified Mon, 13 Nov 2017 05:17:52 GMT )
Ноябр 13, 2017 10:17 Asia/Dushanbe
  • Сохти бузургтарин Маркази ҳадисшиносӣ дар канори оромгоҳи Ал Бухорӣ дар Самарқанд

Дар канори оромгоҳи Имом Бухорӣ, яке аз муҳаддисони машҳури исломӣ дар ноҳияи Пойариқ дар атрофи шаҳри Самарқанд, муҷтамаи байналмилалии пажӯҳишҳои исломӣ дар дасти сохт аст, ки шомили Маркази ҳадисшиносӣ низ хоҳад шуд.

Ба гузориши рӯзномаи русии “Коммерсант”, Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ахиран бо сафар ба ин минтақа бо раванди сохти муҷтамаи байналмилалии пажӯҳишҳои исломӣ ошно шуд.

Ин марказ дар замине ба масоҳати шаш гектар дар ҳоли сохт аст, ки шомили бинонҳои пажӯҳишӣ, мӯзе, маркази ҳифзи дастнавиштаҳо ва осори хаттии қадимӣ, омодасозии зоирон барои сафари Ҳаҷ, меҳмонхонаҳо ва марокизи хадамоти умумӣ хоҳад шуд.

Мирзиёев таъкид кардааст, ки дар ин муҷтамаъ барои пажӯҳиш ва омӯзиши аҳодиси ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) тамоми имконот фароҳам хоҳад шуд.

Вай яке аз аҳдофи сохти ин маркази ҳадисшиносиро дар канори оромгоҳи Исмоил Ал Бухорӣ, ошноии насли ҷавон бо заҳамоти ин донишманди бузурги мусулмон дар роҳи ҷамъоварӣ ва тадвини китоби саҳеҳ Бухорӣ эълом кард.

Китоби “Саҳеҳ Бухорӣ”, яке аз муҳиммтарин манобеи осори шашгонаи аҳодиси исломӣ дар миёни аҳли суннат ба ҳисоб меояд.

Шавкат Мирзиёев ба ширкатҳои муҷрии сохти муҷтамаи байналмилалии пажӯҳишҳои исломӣ дар канори оромгоҳи Имом Бухорӣ дастур додааст, ки бо риояти усули меъмории исломӣ барои ҷазби боздидкунандагони ин макон барномарезӣ кунанд.