Ноябр 13, 2017 13:11 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси рус: Иттиҳоди Аврупо дар иқтисоди Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ намекунад

Мудири Маркази пажӯҳиши масоили Евразия мӯътақид аст, ки Иттиҳоди Аврупо дар иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ, сармоягузорӣ нахоҳад кард.

Ба гузориши “Спутник”, Никита Мендкович гуфт, баргузории нишасти муштараки вазирони умури хориҷаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар ҳошияи конфронси байналмилалии “Амният ва тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Самарқанди Узбакистон нишон дод, ки Брюссел ба думболи пайдо кардани бозорҳои ҷадиди содироти маҳсулоти хеш ва мухолифат бо сиёсатҳои Русия дар минтақа аст.

Никита Мендкович афзуд,  Иттиҳоди Аврупо барои рушди иқтисоди кишварҳои Узбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон сармоягузорӣ нахоҳад кард ва танҳо ҳадафе, ки дорад содироти маҳсулоти хеш ба ин минтақа мебошад.

Ба гуфта вай, кумаки як миллиарду 200 миллион евроӣ ба панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ то соли 2020, дар муқоиса бо кумакҳои молии Русия ва Чин маблағи ночизӣ аст, зеро бахши умдаи ин кумаки молии ҳазинаи ҳимоят аз фаъолияти расонаҳои мустақили хабарӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, ниҳодҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва омӯзиши неруҳои амниятӣ ва интизомии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Мудири Маркази пажӯҳиши масоили Евразия гуфтааст, ки Иттиҳоди Аврупо беҳтар аст аз сиёсати тақобул бо Русия дар Осиёи Марказӣ даст бардорад ва роҳи ҳамкорӣ ва таомул бо Маскавро дар пеш гирад.