Таъсиси намозхона дар фурӯдгоҳи Тошканд
(last modified Tue, 14 Nov 2017 09:56:31 GMT )
Ноябр 14, 2017 14:56 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси намозхона дар фурӯдгоҳи Тошканд

Мақомоти кишвари мусулмоннишини Узбакистон дар идомаи раванди коҳиши сиёсатҳои динситезона даст ба ибтикори ҷолиби дигаре заданд.

Ба нақл аз дафтари матбуотии ширкати ҳавопаймоии миллии Узбакистон, барои нахустин бор дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Тошканд, пойтахти ин кишвар, намозхона таъсис шудааст .

Ин манбаъ афзудааст, ки намозхона дар яке аз терминалҳои Фурӯдгоҳи байналмилалии Тошканд воқеъ шуда ва дар канори он низ маҳалле барои таҳорат кардан фароҳам шудааст .

Пеш аз ин, мақомоти ҳукумати Узбакистон муҷаввизи пахши азонро аз баландгуҳо содир карда буданд ва худи шахси Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳур монеъ аз роҳандозии барномаи кашфи ҳиҷоби бонувони мусулмони узбак шуд .

Узбакистон бо беш аз 32 миллион нафар ҷамъият бузургтарин кишвари мусулмоннишини Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, ки дар даврони раёсатҷумҳурии Ислом Каримов, сиёсатҳои шадиди динситезонаро шоҳид буд .