Зиёни миллиардии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз набуди ҳамкорӣ дар заминаи об
(last modified Thu, 23 Nov 2017 05:01:23 GMT )
Ноябр 23, 2017 10:01 Asia/Dushanbe
  • Зиёни миллиардии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз набуди ҳамкорӣ дар заминаи об

Мудири Маркази пажӯҳишии масоили зистмуҳитии Осиёи Марказӣ мӯътақид аст, ба иллати набуди ҳамкории созанда миёни панҷ кишвари ин минтақа дар заминаи истифодаи дуруст аз манобеи об, солиёна чаҳоруним миллиард доллар зиён ба иқтисоди ин ҷумҳуриҳо ворид мешавад.

Ба гузориши сайти Азия-плюс, Искандар Абдуллоев дар ҳамоиши баррасии масоили истифода аз захоири оби Осиёи Марказӣ дар Алмаатои Қазоқистон, гуфтааст, агар дар мудирияти ин манбаи муҳими ҳаётӣ ислоҳоти созанда анҷом нашавад, дар оянда бояд дар интизори ташдиди ихтилоф миёни панҷ кишвари минтақа буд.

Аз ин рӯ бояд манофеи муштараки мардумони Узбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барои истифода аз захоири оби ду рӯдхонаи бузурги Осиёи Марказӣ – Ому ва Сир – дар назар гирифта шавад.

Чунки дар ғайри ин сурат солиёна зиёни чаҳоруним миллиард доллариро мутаҳаммили иқтисоди ин ҷумҳуриҳо мекунад.

Ин хисорот шомили зиён дар бахшҳои кишоварзӣ ба иллати камбуди об, буҳрони барқ дар теъдоде аз кишварҳои минтақа дар фасли зимистон ва қимати болои барқ барои бахши хонагӣ мебошад.

Аз сӯи дигар то ба ҳол ба иллати набуди иттифоқи назар миёни ин панҷ кишвар бар сари наҳваи истифода аз манобеи оби Осиёи Марказӣ, заминаи ҷазби кумакҳои молии байналмилалӣ барои такмили сохти чанд тарҳи ниматамоми неругоҳҳои барқи обӣ фароҳам нашудааст.