Бозгушоии ду постгоҳи марзии байни Қирғизистон ва Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i26361-Бозгушоии_ду_постгоҳи_марзии_байни_Қирғизистон_ва_Қазоқистон
Хадамоти марзбонии давлатии Қирғизистон аз бозгушоии комили ду постгоҳи марзии байни ин кишвар ва Қазоқистон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 04, 2017 22:20 Asia/Dushanbe
  • Бозгушоии ду постгоҳи марзии байни Қирғизистон ва Қазоқистон

Хадамоти марзбонии давлатии Қирғизистон аз бозгушоии комили ду постгоҳи марзии байни ин кишвар ва Қазоқистон хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Солкин Абдӣ Қорӣ ҳамчунин аз коҳиши 10 баробарии сафи мошинҳои боркаш дар постгоҳи бозрасии минтақаи Ак Тилеки Қирғизистон хабар доду афзуд: Дар пастҳои бозрасӣ саф ё трафик мушоҳида намешавад .

Даҳуми октябри соли ҷорӣ мақомоти давлати Остона вазъи убури мардум ва коло дар марз бо Қирғизистонро ташдид карданд, ки ин амр ба афзоиши сафи афрод ва мошинҳои боркаши ҳомии маҳсулот аз самти ин кишвар ба тарафи Қазоқистон мунҷар шуда буд .

Мақомоти Қазоқистон муътақид буданд, ташдиди бозрасӣ дар марзи ин кишвар бо Қирғизистон, бо зарурати мубориза бо қочоқи колоҳои тақаллубӣ ва илзомоти беҳдоштӣ муртабит аст .

Ин дар ҳолест, ки рӯзи шанбе 2 декабри ҷорӣ бо имзои як тавофуқнома ва нақшаи роҳи ҳамкории байни мақомҳои ду кишвар, танишҳои марзӣ андаке коҳиш ёфт .