Декабр 13, 2017 15:01 Asia/Dushanbe
  • Даргирии гурӯҳии тоҷикҳо ва узбакҳо дар Маскав

Дар ҷараёни як даргирӣ дар Маскав 12 муҳоҷир, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон будаанд, боздошт шуданд.

Ба гузориши сойти “Спутник”, раёсати вазорати умури дохилии Русия дар Маскав, аз даргирии гурӯҳии тоҷикҳо ва узбакҳо дар хиёбони Севастополи шаҳри Маскав ва боздошти 12 нафар аз онҳо хабар дод.

Дар ин даргирӣ, ду нафар ҷароҳат бардошта ва ба бемористон мунтақил шудаанд.

Раёсати вазорати умури дохилии Русия гуфт, соати 1:43 бомдоди 13 декабр, ба пулис даргирие дар ҷанубу ғарби Маскав иттилоъ дода шуд. Маъмурони пулис пас аз баррасӣ, иллати ҳодисаро "баҳси маъмулӣ" унвон карданд.

Бино бар иттилои расонаҳо, боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ҳастанд.