Декабр 19, 2017 17:25 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои 810 тарҳ дар Узбакистон барои истифода аз энержии хуршедӣ

Узбакистон то соли 2021 810 тарҳ барои истифода аз энержии хуршедӣ дар тавлиди барқ ба арзиши беш аз панҷ миллиарду 300 миллион доллар иҷро мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар вилоятҳои Самарқанд, Навоӣ ва Сурхандарё нерӯгоҳҳои хуршедӣ ба зарфияти 100 мегаватт сохта хоҳад шуд. Ҳамчунин дар биноҳои иҷтимоию идории ширкати саҳомии «Кизил қум симнет» нерӯгоҳҳои фотоэлектрикӣ сохта мешавад. Дар ҳоли ҳозир аз манобеи энержии эҳёшаванда амалан дар тавлиди энержии барқӣ ва ҳароратӣ баҳрабардорӣ намешавад. Ин дар ҳолест, ки шароити иқлимӣ ва ҷуғрофиёӣ дар Узбакистон барои ба кор бурдани энержии хуршедӣ бисёр муносиб аст.

Манобеи эҳёшавандаи энержӣ дар Узбакистон бисёр муассир буда ва тарҳҳои зиёде дар ин замина иҷро шудааст.