Мардуми Қирғизистон алайҳи тасмими Трамп дар бораи Қудс тазоҳурот мекунанд
Мардуми Қирғизистон рӯзи ҷумъа дар пойтахти ин кишвар, алайҳи тасмими Доналд Трамп барои интиқоли сафорати Амрико ба Қудс ва ба расмият шинохтани ин шаҳр ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, тазоҳурот мекунанд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, баргузоркунандагони ин таҷаммӯъ, муассисаҳои исломии мухталифи Қирғизистон ҳастанд ва дар он фаъолони иҷтимоӣ, мазҳабӣ, хабарнигорон, коршиносон, донишҷӯён ва фаластиниҳои муқим дар ин кишвар, ширкат мекунанд.
Дар эъломияи расмии баргузоркунандагон омадааст, кишварҳои ҷаҳон ва аъзои Созмони Милали Муттаҳид, Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият намешиносанд ва вазъияти ин шаҳрро яке аз мушкилоти асосии Ховари Миёна медонанд.
Ширкаткунандагони ин таҷаммӯъ хостори ибрози ҳимоят аз мардуми Фаластин ҳастанд.