Декабр 23, 2017 18:42 Asia/Dushanbe
  • Як коршинос: Қирғизистон рекорддори рушди саноатӣ дар Иттиҳодияи иқтисодии Евразия

Як коршиноси иқтисодии қирғиз гуфтааст, Қирғизистон нисбат ба дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Евразия аз оғози соли 2017, бештарин рушди саноатиро доштааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Олег Панкратов, муовини собиқ нахуствазир ва коршиноси иқтисодӣ бо ишора ба инки пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳодияи иқтисодии Евразия ҳамзамон бо буҳронҳои иқтисодӣ иттифоқ афтод, гуфт, бо ин ҳол метавон дар тамоми кишварҳои узви иттиҳодия пӯёии мусбат ва рушди тавлиди нохолиси миллиро мушоҳида кард.

Панкратов идома дод, тавлиди нохолиси миллии Қирғизистон аз оғози соли ҷорӣ, ҳафт дарсад афзоиш дошта ва рушди ҳавзаи санъатӣ 12 дарсад будааст.

Ин коршиноси иқтисодӣ афзуд, дар ҳоли ҳозир Қирғизистон дар ҳоли вуруд ба бозори муштараки маҳсулоти санъатӣ мебошад.

Иттиҳодияи иқтисодии Евразия ҳамакнун аз кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон ташкил шудааст.