Декабр 27, 2017 22:28 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби қонуни гумруки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар Маҷлиси Қирғизистон

Маҷлиси Қирғизистон пешнависи қарордоди қонуни гумруки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро тасвиб кард.

Қарордоди қонуни гумруки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро намояндагони кишварҳои узви ин иттиҳод апрели 2017 дар Маскав тасвиб кардаанд .

Русия, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистону Тоҷикистон дар соли 2001 Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро ташкил доданд .

Ҳадафи тасвиби қонун, осонсозии тиҷорат, эҷоди бозори муштарак дар ҳавзаи кишварҳои ҳамсуд, ҳазфи тадриҷии қавонини гумрукӣ дар дохили иттиҳод, барқарории тарофаи хориҷии муштарак миёни кишварҳои узв, ҳамоҳангсозии ташрифоти гумрукӣ, ҷобаҷоии озоди коло, сармоя, нерӯии кору хадамот дар марзҳои Авруосиё, барқарории сиёсати муштарак дар заминаи энержӣ, санъат, кишоварзӣ ва васоили нақлия эълом шудааст .

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистону Арманистон ташкил шудааст .

Масоҳати кишварҳои узви ин иттиҳод 20 миллион километри мураббаъ ва ҷамъияти он 180 миллион нафар аст .