Декабр 29, 2017 21:09 Asia/Dushanbe
  • Русия дар Узбакистон ду нерӯгоҳи ҳастаӣ месозад

Узбакистон ва Русия рӯзи ҷумъа тавофуқномаи ҳамкорӣ дар заминаи истифода аз энержии ҳастаӣ барои аҳдофи мусолиматомез имзо карданд ва муқаррар шуд, Русия ду нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Узбакистон бисозад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Подробний Узбекистан”, ин тавофуқнома шомили эҷоди зерсохтҳои миллӣ ва омӯзиши нерӯи инсонӣ дар ҳавзаи энержии ҳастаӣ дар Узбакистон, сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ ва реакторҳои таҳқиқотӣ дар ин кишвар аст.

Алексей Лихачев, мудири кулли ширкати "Русатом"-и Русия зимни баёни бартариятҳои иқтисодии сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Узбакистон гуфт, Федератсияи Русия тарҳи сохти ду нерӯгоҳи ҳастаии навинро дар Узбакистон ироа карда, ки аз лиҳози эминӣ ва низ коромадии иқтисодӣ мунҳасир ба фард аст. Ӯ афзуд, сохти бузургтарин нерӯгоҳи ҳастаии замонавӣ дар Узбакистон ҷойгоҳи ин кишвар, давлат ва маҳофили илмии онро ба таври қобили таваҷҷуҳ тақвият мекунад ва на танҳо тақозои дохилии Узбакистон ба нерӯи барқ, балки имкони содироти он ба кишварҳои ҳамсояро низ афзоиш хоҳад дод. Ба гуфтаи мудири кулли ширкати "Русатом", Русия сохти ин нерӯгоҳи ҳастаиро на танҳо омили муҳими ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба талаққӣ мекунад, балки иқдоме барои тавсеаи иқтисодии Узбакистон медонад, ба тавре ки бо сохти ин ду неругоҳи ҳастаӣ фурсати иштиғол барои ду ҳазор нерӯи кори бисёри моҳир бо маоши боло фароҳам мешавад.