Баста шудани марзи Узбакистон ва Қирғизистон
Август 22, 2016 12:36 Asia/Dushanbe
Давлати Узбакистон марзи худро бо Қирғизистон баст.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, манобеи огоҳ аз Узбакистон эълом карданд, марзи ин кишвар бо Қирғизистон дар остонаи фаро расидани Рӯзи истиқлоли Узбакистон аз имрӯз, 22 август ба муддати ду ҳафта баста хоҳад буд.
Иллати аслии ин иқдом чораҳои пешгирикунанда ва таъмини амният эълом шудааст.
Узбакистон якуми сентябр 25-умин солгарди истиқлолаш аз Иттиҳоди шӯравиро ҷашн мегирад.