Август 22, 2016 14:12 Asia/Dushanbe
  • 31 медали варзишкорони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бозиҳои Олимпии

Варзишкорони 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар бозиҳои Олимпиии "Рио-2016" дар Бразилия, дар маҷмӯъ 31 медал касб карданд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин давра аз бозиҳо Узбакистон беҳтарин натиҷаро ба даст овард ва ба касби 13 медал (4 тилло, 2 нуқра ва 7 бринҷӣ) муваффақ шуд ва дар байни 206 кишвари ширкаткунанда дар раддаи бистуякуми ҷаҳон қарор гирифт.

Корвони варзишии Қазоқистон низ бо касби 17 медал ( 3 тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ ) дар раддаи бистудуввуми ҷаҳон ҷой гирифт.

Тоҷикистон дар ин бозиҳо танҳо як медали тилло касб кард ва дар раддаи панҷоҳучорум истод ва варзишкорони Туркманистону Қирғизистон ягон медал ба даст наоварданд.

Сивуякумин давраи бозиҳои Олимпии "Рио-2016" бо ҳузури беш аз 10 ҳазор варзишкор аз 206 кишвари ҷаҳон, дирӯз дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия поён ёфт.

 

Барчасп