Оғози пахши азон аз тариқи баландгӯ дар масҷиди марказии Тошканд
(last modified Tue, 09 Jan 2018 12:00:04 GMT )
Январ 09, 2018 17:00 Asia/Dushanbe
  • Оғози пахши азон аз тариқи баландгӯ дар масҷиди марказии Тошканд

Бо дастури раисҷумҳури Узбакистон пахши азон аз тариқи баландгӯ дар масҷиди марказии шаҳри Тошканд мавсум ба "Ҳазрати имом" аз сар гирифта шуд.

Сомонаи узбакии “Azon.uz” бо нашри видеое бо унвони "Азони муборак" аз оғози пахши азон аз баландгӯҳо дар масҷиди марказии Тошканд аз рӯзи ҳафтуми январ хабар дод. Ҳабибуллоҳ Абдуразоқ, имоми масҷиди "Ҳазрати имом"-и пойтахти Узбакистон гуфтааст, ин амри худописандона бо ибтикори Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури кунунӣ таҳаққуқ ёфтааст.

Ёдовар мешавем, манъи пахш азон аз тариқи баландгӯ ва дигар иқдомоти динситезона дар Узбакистон дар даврони зимомдории Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини ин кишвар пиёда шуд. Пас аз марги Каримов дар соли 2016 ба тадриҷ сиёсатҳои зиддидинӣ дар Узбакистон дар ҳоли фурӯ пошидан аст.