Январ 10, 2018 15:51 Asia/Dushanbe
  • Бухоро - пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2020

Шаҳри Бухоро, дар ғарби Ӯзбакистон унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2020- ро касб кард.

Идораи динии мусалмонони Ӯзбакистон бо эъломи ин хабар афзуд, ин тасмим дар ҷаласаи солонаи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ гирифта шудааст.

Бо касби ин унвон барои шаҳри Бухоро, қарор аст барномаҳои умронӣ ва фарҳангии зиёде дар он иҷро шавад.

Бештарин ҷамъияти Бухороро ҳамчун Самарқанд, тоҷикони форсизабон ташкил медиҳанд, ки ба иллати тақсимбандиҳои императории Шӯравии собиқ дар хоки ҷумҳурии Ӯзбакистон зиндагӣ мекунанд.

Бухоро таърихи беш аз 2500 сола дорад ва дар гузашта яке аз қутбҳои тамаддуни исломӣ- форсӣ маҳсуб мешуд.