Доктринаи дифоии нави Узбакистон тасвиб шуд
Шавкат Мирзиёев- раиси ҷумҳурии Узбакистон доктринаи дифоии ин кишварро имзо кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, ин доктрина усул, мавзеъҳо ва руйкардҳои расмии давлати Узбакистон нисбат ба таъмини амнияти миллии ин кишвар дар ҳавзаҳои низомиро таъин мекунад.
Дар ин санад ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба вазъияти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ва тавонмандиҳову авлавиятҳои Узбакистон дар баробари таҳдидҳо ва чолишҳои мавҷуду эҳтимолӣ вокунишҳои мутаносиб дар назар гирифта шудааст.
Доктринаи дифоии нави Узбакистон ҳамчунин ҳадафҳои неруҳои мусаллаҳ ва дигар ниҳодҳои марбута дар заминаҳои дифоиро мушаххас ва асоси ҳимоятҳои низомӣ ва иқтисодӣ аз ин арса, аз ҷумла тавсеъаи корхонаҳои саноати низомиро таъин кардааст.
Дар ин санад бар шафоф будани сиёсати хориҷӣ ва дифоии Узбакистон, авлавиятҳои тавсеъаи равобити муассири низомӣ, сиёсӣ ва дифоъӣ бо ҳамсоягон ва ҳамчунин кишварҳои хориҷӣ таъкид шудааст.