Январ 14, 2018 14:27 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Узбакистон ба Амрико сафар мекунад

Вазири хориҷаи Узбакистон бо як ҳайъати сиёсӣ барои ҳузур дар нишасти Шурои амнияти Созмони миллали муттаҳид ба Амрико сафар мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс ҳайати узбакӣ дар шаҳри Нию-Йорк дар мақари Созмони миллали муттаҳид дар нишасти Шурои амнияти Созмони миллали муттаҳид бо унвони "Адами густариши силоҳи куштори ҷамъӣ: тадбирҳои эътимод" ширкат мекунад.

Ин ҳайат ҳамчунин дар баҳсҳои умумӣ дар сатҳи вазирони хориҷа таҳти унвони "эҷоди ҳамкориҳои минтақаӣ дар Афғонистон ва Осиёи марказӣ; амният ва тавсеа" ширкат мекунад.

Ҳайати Узбакистон дар чорчуби ин сафар ҳамчунин бо Антонио Гутерреш- дабири кулли Созмони миллали муттаҳид ва вазирони умури хориҷаи теъдоде аз кишварҳои хориҷӣ дидор мекунад.

Тибқи барнома дар чорчуби ин сафар дар шаҳри Вашингтон музокироти намояндагони Узбакистон ва Амрико баргузор мешавад.

Амрико истиқлоли Узбакистонро дар охирин рӯзҳои соли 1991 ба расмият шинохт ва дар феврали соли 1992 байни ин ду кишвар равобити дипломатӣ барқарор шуд.