Январ 17, 2018 09:55 Asia/Dushanbe
  • Дидгоҳи яксони Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи масоили минтақа

Коршиноси масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон муътақид аст, дидори ояндаи раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон ба далели доштани мавозеи яксон дар қиболи масоили Осиёи Марказӣ бо натоиҷи мусбате ҳамроҳ хоҳад буд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Абдуғанӣ Муҳаммадазимов бо ишора ба нахустин дидори раиси ҷумҳурии ҷадиди Қирғизистон бо мақомоти Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, мавозеи яксони ин ду кишвар дар қиболи масоили обу энержӣ заминаи муваффақиятомез будани ин музокиротро фароҳам месозад. Зеро дар гуфтугӯҳои миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков мавзӯи мушорикати ин ду кишвар дар тарҳи сохти хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон, мавсум ба “КАСА – 1000”, муовизаи барқ пас аз барқарории дубораи фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ ва ҳалли масъалаи аломатгузории марзи муштараки ин ду ҷумҳурии ҳамсоя баррасӣ хоҳад шуд.

Ба далели воқеъ шудани Тоҷикистону Қирғизистон дар сарчашмаи ду рӯдхонаи бузурги Осиёи Марказӣ – Сир ва Омӯ ва таҳаввулоти мусбате, ки тайи як соли ахир бо рӯйи кор омадани давлати Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбакистон барои таомул бо кишварҳои Осиёи Марказӣ иттифоқ афтод, Душанбе ва Бишкек низ бо кишварҳои масрафкунандаи оби Ӯзбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Чанд рӯз қабл дар ҷараёни ирсоли паёмҳои табрикии раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба якдигар ба муносибати бистипанҷумин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни ду кишвар, Сооронбой Жеенбеков аз сафари наздики худ ба Душанбе хабар дод.

Ин нахустин дидори вай ба унвони раиси ҷумҳурии ҷадиди Қирғизистон аз Тоҷикистон хоҳад буд.