Январ 17, 2018 13:14 Asia/Dushanbe
  • Идораи мусалмонони Ӯзбакистон: Гузориши Амрико беасос аст

Идораи мусалмонони Ӯзбакистон гузориши Вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи нақзи озодии динӣ дар ин кишварро рад ва эълом кард, ин санад бар асоси иттилооти муғризона таҳия шудааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Осиёи Марказӣ, дар баёнияи Идораи мусалмонони Ӯзбакистон омадааст, коршиносони амрикоӣ бо истинод ба манобеи номушаххас гузориши беасос ва дур аз воқеият дар бораи вазъияти динии Ӯзбакистон таҳия кардаанд.

Дар ин баёния гуфта мешавад: "Дар ин гузориш мавзеи ҳеҷ як аз ниҳодҳои динии фаъол дар Ӯзбакистон, аз ҷумла Идораи мусалмонон, Донишгоҳи исломии Тошканд ва Маркази байналмилалии илмӣ- мутолеотӣ дар муҷтамаи динии Имом Бухориро мадди назар қарор надодааст".

Идораи мусалмонони Ӯзбакистон ҳамчунин эълом кард, дар соли гузаштаи мелодӣ таҳаввулоти асосӣ дар ҳавзаи динӣ дар ин кишвар сурат гирифта, ки сохти 15 масҷид ва бозсозии 55 масҷид аз он ҷумла аст.

Вазорати умури хориҷаи Амрико муддате пеш дар гузорише Ӯзбакистонро дар миёни 10 кишвар, ки нақзи озодии динӣ дар онҳо муҷиби нигаронии ҷиддӣ мешавад, қарор дод.