Январ 17, 2018 14:51 Asia/Dushanbe
  • Барканории 10 сафири Ӯзбакистон дар соли 2017

Раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон 10 сафири ин кишварро дар соли 2017 ба иллати надоштани короии лозим барканор кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Осиёи Марказӣ, Шавкат Мирзиёев рӯзи сешанбе бо ишора ба барканории 10 сафири ин кишвар, аз ҷумла дар Чин, Туркия, Ҷопон ва Малайзия хостори эҷоди воҳиди вижае дар вазорати хориҷаи ин кишвар шуд.

Ӯ ҳадаф аз ин иқдомро густариши равобити иқтисодии хориҷӣ, тавсеаи содирот ва ҷазби сармоягузорӣ ва низ тавсеаи гардишгарӣ ва равобити наздик бо ҳамватанони муқими кишварҳои хориҷӣ эълом кард.

Ӯзбакистон ба унвони яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Қазоқистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон ва Қирғизистон марзи муштарак дорад.