Январ 17, 2018 15:27 Asia/Dushanbe
  • Исрофкорӣ дар ҷашни арӯсии яке аз бастагони Раиси ҷумҳур

Велхарҷӣ ё исрофкории бесобиқа дар ҷашни арӯсии яке аз бастагони Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон ва набераи яке аз сарватмандони ин кишвар, меҳмононро шигифтзада кард.

Ба гузориши “СА – нюз”, ин ҷашн 14-уми январ дар меҳмонхонаи муҷаллали “Rixos”-и шаҳри Чимкент, дар ҷануби Қазоқистон баргузор шуд ва дар он аз меҳмонон бо торти гаронқимате ба шакли “қаср” пазироӣ шуд, ки қимати он 179 ҳазор доллар баровард шудааст.

Гуфта мешавад, домод - набераи бародари фақиди раиси ҷумҳурии Қазоқистон ва арӯс – набераи Серикҷон Сейтҷонов, сармоядори маъруфи қазоқ аст.

 Сармояи Сейтҷонов дар соли 2017 бар асоси эъломи маҷаллаи “Форбз” (Forbes) 296 миллион доллар муҳосиба шудааст.

Хабари ҷашни пурхарҷи яке аз бастагони раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳоле расонаӣ шудааст, ки вай чандин бор аз сарватмандон ва мансабдорони ин кишвар хоста буд, соддазист бошанд.