Январ 19, 2018 20:04 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти раисҷумҳурҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Мирзиёев

Раисҷумҳурҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон дар паёмҳои ҷудогона кушта шудани 52 шаҳрванди Узбакистон бар асари оташсӯзӣ дар як автобусро ба Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ин кишвар таслият гуфтанд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммдов, раисҷумҳури Туркманистон дар ин паёмҳо бо мардуму бозмондагони қурбониёни ин ҳодиса ибрози ҳамдардӣ карданд.

Бар асари оташ гирифтани як автобус дар субҳи 18-уми январ дар ҳудуди вилояти Оқтеппаи Қазоқистон 52 шаҳрванди Узбакистон ҷон бохт.