Узбакистон ҳазинаи транзитро барои колоҳои Тоҷикистон коҳиш дод
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i28701-Узбакистон_ҳазинаи_транзитро_барои_колоҳои_Тоҷикистон_коҳиш_дод
Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон аз коҳиши қобили таваҷҷуҳи ҳазинаҳои ҳамлу нақли маҳсулоти ин кишвар аз тариқи роҳи оҳани Узбакистон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 19, 2018 21:16 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон ҳазинаи транзитро барои колоҳои Тоҷикистон коҳиш дод

Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон аз коҳиши қобили таваҷҷуҳи ҳазинаҳои ҳамлу нақли маҳсулоти ин кишвар аз тариқи роҳи оҳани Узбакистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Узбакистон тахфифи 30-50-дарсадӣ барои ҳамлу нақли маҳсулоти тоҷикӣ аз тариқи роҳи оҳани худро ироа кардааст. Ба ин тартиб барои ҳамлу нақли колои Тоҷикистон аз тариқи роҳи оҳани Келес –Қудуқли тахфифи 40-дарсадӣ пешбинӣ шудааст. Барои ҳамлу нақли маводи нафтӣ аз тариқи роҳи оҳани Қарақалпоқистон – Қудуқли 30 дарсад ва барои интиқоли соири маҳсулот аз тариқи ин роҳи оҳан 50 дарсад тахфиф дар назар гирифта шудааст. Ба гуфтаи мақомҳои тоҷик, ин тахфифҳо аз масирҳои ёдшудаи Узбакистон аз аввали январи соли ҷорӣ иҷроӣ шудаанд.

Ироаи чунин тахфифоте аз сӯйи Узбакистон ба тарафи тоҷик барои нахустин бор нест. Моҳи августи соли гузашта ҳам миёни ширкатҳои роҳи оҳани ду кишвар барои ироаи тахфифҳои 40-дарсадӣ тавофуқ шуда буд. Зимнан дар боздиди нахуствазири Узбакистон аз Тоҷикистон дар январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ ташкил шуд, ки дар он ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои иқтисод, тиҷорат, ҳамлу нақл, саноат, фарҳангу маориф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.